Skip to main content

Tоҷикистон: Мониаҳо дар роҳи кумак ба қурбониёни зӯроварӣ дар оила

Шикофҳо дар бархӯрди мақомот ҳаёти занонро дар хатар мегузорад

© 2019 Eda Çağıl Çağlarırmak for Human Rights Watch


(Варшава) – Ҳукумати Tоҷикистон  барои таҳқиқи парвандаҳои зӯроварӣ дар оила ва ба ҷавобгарӣ кашондани гунаҳкорон иқдоми андаке анҷом медиҳад ва то ҳол барои кумак ба ҷабрдидагрон низ кам талош меварзад, - мегӯяд созмони Дидбони ҳуқуқи башар (Human Rights Watch) дар гузорише, ки имрӯз нашр шуд. Бо вуҷуди пешрафт дар бархе соҳаҳо, қонунгузории Тоҷикистон ҷавобгарии ҷиноятӣ барои зӯроварии оилавиро ҷорӣ накардаанд ва заноне, ки бадрафториро таҷриба кардаанд, чандон ҳимояти муносиб ва дастрасӣ ба паноҳгоҳҳо ва хадамоти дигарро надоранд.

Гузориши 93-саҳифагӣ таҳти унвони “‘Хушунат дар ҳар қадам’: Бархӯрди заифи давлат ба зӯроварӣ дар оила дар Тоҷикистон” ( “‘Violence with Every Step’: Weak State Response to Domestic Violence in Tajikistan”)  мониаҳо дар роҳи кумак ва тантанаи адолат барои ҷабрдидагони табъизи оилавиро ҷамъоварӣ кардааст. Ҳарчанд конунгузорӣ ба ҷабрдидагрон ҳуқуқи ҳимоят ва хадамоти иҷтимоиро замонат медиҳад, Human Rights Watch шикофҳои мавҷуда дар сиёсат ва расидагии қонунӣ ба зӯроварӣ дар оила, аз ҷумла радд шудани дархости таҳқиқи шикоятҳо, нотавонӣ дар амри додан ва иҷро кардани фармони ҳимоят аз ҷабрдидаҳо ва ҳамчун қонуншикании хурду реза маънидод кардани зӯроварии оилавиро пайдо кард. Human Rights Watch ҳамчунин видеоеро дар бораи қурбониёни зӯроварӣ дар оила нашр мекунад. Ин видео нишон медиҳад, ки онҳо дар роҳи ба даст овардани ҳимоят ба чӣ мониаҳое рӯбарӯ мешаванд.

“Шеваи расидагӣ ба қурбониёни зӯроварӣ дар оила дар Тоҷикистон дар бисёр мавридҳо онҳоро зери хатар қарор медиҳад,” - мегӯяд Стив Свердлов,  пажӯҳишгари аршади Осиёи Марказӣ дар Human Rights Watch. “Мақомот уҳдадориҳои худ дар мавриди иҷрои қонуни Тоҷикистон дар бораи зӯроварӣ дар оиларо сарфи назар мекунанд.”

Қонуни соли 2013 дар мавриди ҷилавгирӣ аз зӯроварӣ дар оила тадбирҳои муҳимеро дар пай дошт, ба мисли  пеш бурдани корҳои маърифатию фаҳмондадиҳӣ, дар шуъбаҳои пулис ба кор гирифтани занони нозир бо таҷрибаи тамринҳои махсус. Вале ҷабрдидаҳо, ҳуқуқдонҳо ва  арзакунандагони хадамот  гузориш медиҳанд, ки пулис дар бисёр мавридҳо қонунро сарфи назар мекунад ва қурбониён чандон ҳимояти муносибе аз бадрафторӣ ва дастрасӣ ба паноҳгоҳҳо надоранд.

Кам нишон додани рақамҳо ва ҷамъоварии нокофии маълумот имкони арзёбии миқёси  зӯроварӣ дар оила дар Тоҷикистонро мушкил мекунад, вале созмонҳои маҳалливу байналмилалӣ гузориш медиҳанд, ки зӯроварӣ дар оила ба як падидаи фарогир табдил ёфтааст. Дар соли 2016, Барномаи занони Созмони Милал (United Nations Women),  як ниҳоде, ки барои таъмини баробарии ҷинсӣ (гендерӣ) мубориза мебарад, бар пояи омори давлатӣ гузориш дод, ки дастикам ҳар зан ё духтари панҷум дар кишвар дучори зӯроварӣ дар оила шудааст. Дар моҳи ноябри соли 2018, Кумитаи Созмони Милал дар умури иҷрои Паймони маҳви ҳама гуна шаклҳои табъизи зидди занон (CEDAW) изҳори нигаронӣ кард, ки зӯроварӣ дар оила дар Тоҷикистон  ба “як падидаи фарогир табдил ёфтааст, вале дар омор кам нишон дода мешавад” ва барои он ба мисли таҷовузи ҳамсар ва таҷовузи ҷинсӣ ҷавобгарии ҷиноятӣ пешбинӣ нашудааст.

Human Rights Watch бо беш аз 80 нафар, аз ҷумла бо 55 зани қурбонии зӯроварӣ дар оила дар кишвар мусоҳиба кард. Human Rights Watch ҳамчунин бо кормандони пулис, ҳуқуқдонҳо, кормандони паноҳгоҳҳо ва марказҳои буҳронӣ, мақомоти давлатӣ, арзакунандагони хадамот ва намояндагони Созмони Милали Муттаҳид, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) ва дигар созмонҳои байналмилалие, ки рӯи барномаҳои марбут ба хушунат алайҳи занон кор мекунанд, мусоҳибаҳо анҷом дод.

Ҳукумати Тоҷикистон ба дархостҳо дар мавриди маълумот пиромуни иҷрои қонуни соли 2013 ҷиҳати пешгирӣ аз зӯроварӣ дар оила посух надод ва маълумоти дарёфтиро низ ҳеҷ гуна шарҳ надод.

Заноне, ки мусоҳиба доданд, дар бораи солиёни табъиз, маъмулан аз ҷониби шавҳарону ҳамзистонаш, аз ҷумла аз таҷовуз, корд задан, буғӣ кардан, латтукӯб бо ашёи тезу сангине, чун  бел, оташкоб, оҳан ва курсӣ хабар медиҳанд. Онҳо мегӯянд, табъизгарон онҳоро аз хӯроку пӯшок ва дастрасӣ ба ҳоҷатхонаву ошхона маҳрум мекарданд. Занон мегӯянд, ин хушунатҳо боиси ҷароҳатҳое, чун хунравии дарунӣ ва осеб дидани аъзои ҳаётан муҳими баданашон, ҷунбидани мағзи сар, шикастани косахонаи сар, шикастани ҷоғ ва дигар осебҳои ҷиддӣ, ҳамчунин боиси осеб дидану хароб шудани ҳолати равониашон шудааст.

“Баъди онки вай маро зад, ман бо як азоб гурехта, бо сару рӯи хуншор ба додситони шаҳр рафтам,”  - мегӯяд як зани 28-сола, ки 4 сол таҳти табъизу таҷовуз ҷониби шавҳараш қарор доштааст. Вале вақте ки ин зан мехост дар бораи хушунат шикоят кунад, додситон суханашро бурида, гуфтааст: “Магар айби худат нест?”  Додситон ба шавҳари ин зан занг зада, куҷо буданашро ошкор кардааст ва сипас ба зан гуфтааст: “Ҳамааш хуб мешавад. Хонаат бирав.”

Қонуни зидди зӯроварии оилавии Тоҷикистон ба пулис ва додгоҳҳо иҷозат медиҳад, ки бо ироаи паноҳгоҳи муваққат ё дарозмуддат  пеши роҳи табъизро гирифта, тамоси байни табъизгар ва ҷабрдидаро манъ кунанд. Аммо бисёре аз қурбониён мегӯянд, ки пулис ҳеҷ гоҳ онҳоро дар бораи имкони ироаи паноҳгоҳ хабардор намекунад ваё аз ироаи он ё муҷозоти табъизгароне, ки нисбат ба онҳо хушунат кардаанд, сарфи назар мекунад. Таҳқиқоти Human Rights Watch нишон медиҳад, ки табъизгарон хеле кам муҷозот мешаванд ё ба додгоҳ кашонда мешаванд.

“Онҳое, ки дар зӯроварӣ дар оила гунаҳкоранд, бояд ба ҷавобгарӣ кашонда шаванд,” – мегӯяд Свердлов. “Набудани ҷавобгарӣ ба табъизгарон паёме мерасонад, ки зӯроварӣ дар оила чизи қобили қабул аст.”

Қурбониёни зӯроварӣ дар оила ҳамчунин ба камбуди шадиди хадамот рӯбарӯ ҳастанд. Тоҷикистон барои наздики 9 миллион аҳолиаш ҳамагӣ 4 паноҳгоҳи махсус барои қурбониёни зӯроварӣ дар оила дорад, ки аз меъёрҳои миёнаи қабулшудаи байналмилалӣ хеле камтар аст. Аксари хадамоти мавҷударо ба қурбониён созмонҳои ғайридавлатӣ ироа мекунанд. Ҳарчанд Тоҷикистон шабакаи марказҳои захиравии таҳти ҳимояти давлатро дар саросари кишвар дорад,  мушовирони соҳибихтисоси равонӣ-иҷтимоӣ ва равоншиносӣ аксаран вуҷуд надоранд, ва кумаки ҳуқуқӣ ба онҳое, ки талоқ мегиранд, аз ҷумла дар ҷараёни тақсими молу мулк баъди талоқ, низ дар аксари мавридҳо вуҷуд надорад.

Қурбониён ва фаъолон мегӯянд, дар марказҳои занон ва паноҳгоҳҳо низ аксари машваратҳое, ки дода мешаванд, асосан рӯи оштӣ додани қурбониён бо табъизгарон тамаркуз мекунанд, то ба таъмини ҳимоят, ироаи хадамот ва ба ҷавобгарӣ кашондан барои мавридҳои ҷиддии хушунатҳои давомдор. Занон мегӯянд, ки онҳоро бисёр вақт ташвиқ мекунанд, ки ба ҳамон шароити занушавҳарии пурхушунат баргарданд ва ҳаёти зери зӯровариро идома диҳанд.

Мониаҳои дигар вобастагии молиявӣ аз табъизгарон ва тарси аз даст додани парастори кӯдакони онҳост. Бисёре аз занон мегӯянд, онҳо фақат барои гурусна намондани кӯдаконашон равобити хушунатборро ҳифз мекунанд ваё бо шавҳарони бадрафторе, ки онҳоро партофтанд, оштӣ мекунанд.

Дар Тоҷикистон, ки занон одатан бо хешовандонашон ҳамроҳ зиндагӣ мекунанд, интихоби манзил, бахусус баъди талоқ гирифтан шадидан маҳдуд аст. Муқаррароти қонунгузории Тоҷикистон, ки ҳамчун маскункунӣ маъруф аст, чунин маъно дорад, ки додгоҳҳо бисёр вақт зани талоқгирифта ва кӯдакони вайро дар як қисми манзили шавҳар ва хешовандони собиқаш маскун мекунанд. Маскункунӣ бисёре аз занону қурбониёни бадрафториро дар шароити  боз ҳам печидатаре қарор медиҳад, чунки онҳо таҳти хатари давомдори хушунат қарор мегиранд.

Як таҷрибаи дигари бад, ки хатари зӯроварии оилавиро меафзояд, бисёрзанӣ ва никоҳҳои ғайрирасмӣ, маҷбурӣ ва ба шавҳар додани кӯдакон аст. Ҳарчанд ҳукумат синни издивоҷро то 18 расондааст ва талошҳое анҷом медиҳад, то ки мардум издивоҷи худро дар идораҳои давлатӣ расман сабт кунанд.

Ҳукумати Тоҷикистон бояд ба қонуни зидди зӯроварӣ дар оила тағйирот ворид карда, хушунати оилавиро ба таври равшан ҳамчун амали  ҷиноятӣ арзёбӣ кунад, - мегӯяд Human Rights Watch.
Давлат бояд замонат диҳад, ки пулис, додситонҳо ва додрасҳо қурбониёни хушунатро бо ҳимоят таъмин карда, мавридҳои зӯроварӣ дар оиларо таҳқиқ мекунанд ва гунаҳкоронро ба ҷавобгарӣ мекашонанд. Мақомоте, ки ин корро намекунанд, бояд муҷозот шаванд.

Ҳукумат бояд ҳамчунин дар амри ироаи паноҳгоҳҳо ва хадамоти тандурустӣ, равонӣ-иҷтимоӣ ва ҳуқуқӣ ба қурбониён, бо шумули афзоиши кумакҳои ҳуқуқӣ ва шумори паноҳгоҳҳо барои қурбониёни зӯроварӣ дар оила мусоидат кунад. Ҳукумат бояд ба муқаррароти маскункунӣ тағйирот ворид карда, имкони таъмини манзилҳои дарозмуддат барои қишрҳои осебпазири аҳолӣ, аз ҷумла барои қурбониёни зӯроварии оилавиро густариш бидиҳад.

Шарикони байналмилалии Тоҷикистон, бо шумули созмонҳои байналмилалии имдодӣ, бояд ба ҳукумати Тоҷикистон фишор биоранд, то ки барои зӯроварӣ дар оила ҷавобгарии ҷиноятиро ҷорӣ кунад. Онҳо бояд ҳамчунин барои паноҳгоҳҳо, таъмини манзилҳои дастраси дарозмуддат ва хадамоти дигар барои қурбониёни хушунати хонаводагӣ кумакҳои бештар пешниҳод кунанд.

“Дар авлавияти мақомоти Тоҷикистон бояд ҳимояти занон аз табъиз қарор дошта бошад, на фишор овардан ба онҳо барои бозгашт ба шароити ноамн,”  - мегӯяд Свердлов. “Тоҷикистон бояд замонат бидиҳад, ки зӯроварӣ дар оила таҳқиқ мешавад ва гунаҳкорон ба ҷавобгарӣ кашонда мешаванд ва паноҳгоҳҳо ва хадамоти дигарро ба хотири таъмини амнияти занон дар дастрас қарор бидиҳад.”

Your tax deductible gift can help stop human rights violations and save lives around the world.

Region / Country